04:38 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Тағйироти кадрӣ: таъини раисони “Тоҷик Эйр”, “Амонатбонк” ва мансаби писари Убайдуллоев

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (53)
4512 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар “Амонатбонк”, “Тоҷик Эйр”, вазоратҳо, ҳукумати Суғд, дастгоҳи иҷроияи Президент ва идораҳои дигари давлатӣ тағйироти кадриро амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, раиси “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва мудири “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Манбаъ афзуд, бо қарорҳои Ҳукумат, Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси нави “Амонатбонк” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор - директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъин карда шуданд. Икромӣ Сироҷиддин, то ҳол муовини раиси Бонки миллӣ ва Дилшод Исматуллозода, муовини раиси Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон буд.

Бо фармонҳои раисиҷумҳур, Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло - директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон - муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди раисиҷумҳур таъин гардиданд.

Инчунин тибқи қарорҳои Ҳукумат, Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин гардиданд.

Сафарзода Бахтиёр, мақоми муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” гирифтааст.  

Бар асоси амрҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим - сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи президент, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти  Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроия, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин - сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроия, Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифаи мудири бахши Раёсати молия озод ва ба вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуданд.

Раисиҷумҳур инчунин Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур барканор намуда, ба вазифаи мушовири калони бахши ёрдамчии Президент дар масъалаҳои иқтисодӣ таъин кардааст.

Бо қарори Ҳукумат, Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин шудааст. Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таъин гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз кадрҳои навтаъин фаъолият бо дасту дили пок ва масъулиятро талаб кардааст.

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (53)

Мавзӯъҳои асосӣ