12:42 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Пакистанский караван в Душанбе

Ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва беҳтаринҳои соҳаи сайёҳӣ эълон мешаванд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон озмунҳои дар соли 2018 эълон намударо ҷиҳати муайян намудани беҳтаринҳои сол аз рӯи як чанд номинатсия ҷамъбаст мекунад

ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, 26 январи соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенсӣ” ғолибони озмуни “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” ва беҳтаринҳои сол дар соҳаи сайёҳиро эълон хоҳад кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар додааст.

Озмуни мазкур бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар гардидани симои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ баргузор шуда буд.

Дар чорабинии мазкур озмунҳо аз рӯи номинатсияҳои беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти воридотӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол дар самти дохилӣ, беҳтарин ширкати сайёҳии сол аз рӯи омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, роҳбалади беҳтарини сол, осоишгоҳи беҳтарин, беҳтарин меҳмонхона, беҳтарин ҳунарманди ороишгари санг, беҳтарин ҳунарманд оид ба истеҳсоли савғотии беҳтарин ба сайёҳон, таҳияи беҳтарин маҷмӯаи “Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон” ҷамъбаст мегарданд.

Барчаспҳо:
натиҷа, эълон, Кумитаи сайёҳӣ, озмун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ