Обуҳавошиносон: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои беборишу сард дар назар аст

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкСосульки, архивное фото
Сосульки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳавои беборишу сард дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа сард  ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм меш

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа сард  ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 14-19 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: ҳаво шабона дар шарқи ВМКБ 25 дараҷа сард мешавад

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 15-20  ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  23-28 ва рӯзона 10-15  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд  низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш дар назар аст. Дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона  0-5 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0