Ҳалокати духтарчаи мактабхон зери чархи мошин

Обуна шудан
Ронандае, ки аз пойтахт ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекардааст дар ҳудуди деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат пиёдагарди хурдсол, духтари мактабхонро пахш карда, ба ҳалокат расонидааст

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи маргбор дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” рух додааст.

Манбаъ шарҳ додааст, ки рӯзи 22-юми январи соли равон, тахминан соатҳои 17:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Нисан-Сафиро”, Бахшиев Саъдӣ Ғуломович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Гадоева Зарнигор, соли таваллудаш 2006, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №8, сокини деҳаи Ганҷборро пахш намудааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки  дар натиҷа, ноболиғ Гадоева Зарнигор ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Таҳқиқоти ҳодисаи мазкур аз тарафи кормандони милитсияи Тоҷикистон идома дорад. 

   

Лентаи хабарҳо
0