Обу ҳаво: дар ноҳияи Булункӯли вилояти Бадахшон ҳаво то 50 дараҷа сард мешавад

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар минтақаи сардтарини Тоҷикистон ҳаво то 50 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ,Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш  дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як  сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 13-18 то 22-24  ва рӯзона 4-9 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  33-38 ва рӯзона 17-22  дараҷа сард хоҳад шуд. Дар ноҳияи Булункӯли вилоят ҳаво аз 48 то 50 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ  3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво  шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона  3-8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво  шабона 3-5 дараҷа сард  ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 26 то 27 январ вобаста ба соф шудани ҳаво дар бисёр минтақаҳои ҷумҳурӣ шиддатноктар шудани сардии ҳаво дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон,  дар ин рӯзҳо дар робита ба чунин  вазъи ҳаво  дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ яхбандӣ боқӣ мемонад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0