07:40 22 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Деньги в чемодане, архивное фото

Овоза ё ҳақиқат: 5 ҳазор доллар барои лонаи як кӯршапарак?

CC0 / Pexels
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
629 0 0

Қандил Каримов ном сокини деҳаи Дашти Қозӣ, рад мекунад, ки бо лӯлиҳо лонаи кӯршапаракро савдо кардааст

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Хабаргузории "Ховар" баъди маводи соманаи "Ахбор.ком" "Бизнеси нав: 5 ҳазор доллар барои як лонаи кӯршапарак" дар истинод ба Бахши муҳити зисти шаҳри Панҷакет маводеро мунташир кардааст.

Гуфта мешавад ин қазияро мутахассисони бахши ҳифзи муҳити Панҷакент пайгирӣ карданд.

"Овозаҳо дар бораи аз ҷониби лӯлиҳои сокини шаҳри Панҷакент ҷустуҷӯ кардани лонаи кӯршапаракро мо ҳам шунидем ва ҳоло барои муайян кардани харидор ва фурӯшандагони он тадбирҳо андешида мешаванд", - омадааст дар изҳороти идора.

Афзун бар ин, сокинон рад кардаанд, ки лонаи кӯршапаракро бо лӯлиҳо савдо карда бошанд.

"Аз ҷумла, бо Қандил Каримов ном сокини деҳаи Дашти Қозӣ, ки сомона ба истинод ба гуфтаи ӯ аз ҷониби лӯлиҳо кӯшиши харидани як лонаи кӯршапарак ва ба он ба сабаби кӯҳнаю шикаста ва даҳонаш набаста будан 1000 доллар нарх гузоштанашон суҳбат анҷом дода шуд. Ӯ бо харидорони лонаи кӯршапарак вохӯрданашу савдо кардани онро қатъиян рад кард", - таъкид мекунад манбаъ.

Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки бо ҷалби кормандони бахш ва дӯстдорони табиат ҷустуҷӯ намудани ин нафарон идома дорад. Дар сурати исботи ин ҳодиса онҳо тибқи қонунҳои ҷорӣ ҷарима карда мешаванд.

Пешар расонаҳо хабар дода буданд, ки дар шаҳри Панҷакент лӯлиён барои ҷустуҷӯ ва харидории лонаи кӯршапарак бо арзиши 5 ҳазор доллари ИМА деҳа ба деҳа гашта, иброз доштаанд, ки онро барои сохтани доруи зидди саратон истифода мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ