02:16 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Эмомали Рахмон посетил фруктовые сады в районе Джаббор Расулов

Эмомалӣ Раҳмон аз олимон хост, ки ҷашни Садаро омӯзанду байни мардум таблиғ кунанд

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)
288 0 0

Ҳамчунин, зарур аст, ки суннатҳои ҷашни Сада барои тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, обод кардани маҳалли зист, сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, бунёди боғу токзорҳо ва боз ҳам пешрафтаву зебо гардонидани Ватани азизамон васеъ истифода шаванд, изҳор дошт раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сокинони ҷумҳуриро бо ҷашни Сада муборакбод гуфтааст. 

"Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ин ойини деринаи мардумамон самимона табрик мегӯям", - омадааст дар он.

Ба гуфтаи раимҷумҳур, ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст.

Раисҷумҳур афзудааст, "сада, ки аслан ҷашни деҳқонон мебошад, бовар дорам, ки кишоварзони асили мо дар баробари таҷлили ин ҷашн ба масъалаҳои сари вақт шурӯъ кардани корҳои саҳроӣ ва гузоштани заминаи мустаҳкам барои истеҳсоли маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд".

Ҳамчунин раисҷумӯҳур аз олимону донишмандон тақозо кардааст, ки Садаро омӯхта, байни мардум тарқиб кунанд.

"Ба олимону донишмандон зарур аст, ки паҳлуҳои норавшан ва аҳаммияти ин ҷашнро омӯзанд, арзишҳои онро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон ҳамчун мероси фарҳанги миллиамон ва омили худогоҳиву худшиносии наслҳо таблиғ намоянд", - менависад дафтари матбуотӣ аз суханони президент.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (222)

Мавзӯъҳои асосӣ