БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи "РВ"-01-ро эълон кард

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомобильные номера в Таджикистане, архивное фото
Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "РВ" -01 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 16 феврал дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 16 феврали соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "РВ" -01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

Лентаи хабарҳо
0