12:03 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Майдони замин дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҷазои 3,5 ҳазор масъул: 1 раиси ҷамоат дар 3 моҳ 50 қитъаи замин фурӯхтааст

© Фото : Илья Буяновский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
128 0 0

Додситонии кулли Тоҷикистон аз густурда будани заминфурӯшӣ дар кишвар иттилоъ дода, таъкид намуд, ки барои нақзи қонунгузории замин соли гузашта 1085 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар бахши иҷрои қонунгузории замин 434 санҷиш гузаронида шуда,  5955 санади прокурорӣ таҳия гардид.

“Дар асоси баррасии онҳо 3451 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 1085 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, 22928 гектар қитъаҳои замин ба ҳолати аввала баргардонида шуданд”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти додситонӣ аз қавли Юсуф Раҳмон.

Масъулини додситонӣ аз мубрам будани ин мушкил дар кишвар суҳбат карда, таъкид намуданд, ки як раиси ҷамоат дар 3 моҳи кориаш 50 қитъаи заминро ғайриқонунӣ фурӯхтааст.  Дар маҷмуъ алайҳи дастандаркорони заминфурӯшӣ беш аз 1000 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ