02:35 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Сотрудники АКН Таджикистана изъяли 26 кг наркотиков

Дар Тоҷикистон аз се нафар 26 килограмм маводи мухаддир мусодира карданд

АКН Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ду истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо бо ҷурми нашъаҷалобӣ дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 26 килограмм маводи мухаддир мусодира намуданд, хабар додааст дафтари матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар.

Ба маълумоти манбаъ ҳангоми ҷустуҷӯи фаврӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар нашъаҷалобро дастгир карданд.

Аз гумонбар ду халтаи яке дорои 12 килограм ҳашиш ва дигаре – 7,8 килограмм ҳероин дарёфт ва мусодира шудааст.

“Тафтишот муайян кардааст, ки гумонбар маводҳои мухаддирро аз шаҳрванди Афғонистон бо номи рустам гирифта будааст ва мехостааст ба дигар шахс супорад”, - тасдиқ кардааст дафтари матбуотии ниҳоди дахлдор.

Баъди ин ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз сокинони Душанбе 440 ҳабҳои психотропӣ ва 6,4 килограм афиюн дарёфт ва мусодира карданд.

Нисбати гумонбарони парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.   

Барчаспҳо:
парванда, маводи мухаддир, ҳероин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ