23:02 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Рустам Эмомали

Қарори нави Рустам Эмомалӣ дар бораи тарғиби одоби шаҳрнишинӣ байни сокинони Душанбе

© Сайт мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
962 0 0

Гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати сифатнок баргузор намудани вохӯриҳои банақшагирифташуда омодагӣ дида, мавриди баргузории онҳо фаъолона иштирок намоянд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт қарори нав имзо кардааст.

Дар қарори шаҳрдор гуфта мешавад, тавзеҳи нуқтаҳои паёми раисҷумҳур дар бораи масъулияти падару модар, танзими анъана, одоби шаҳрвнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва ғайраҳо ба тасвиб расонида шудааст.

"Ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарор.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани вохӯриҳои ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ тибқи тартиби муқарраргардида мусоидат намуда, аз рафти баргузории чорабиниҳо суратҷаласа тартиб дода, аз натиҷа ахбороти дахлдор пешниҳод намоянд.

Дар банди 4-уми қарори Рустам Эмомалӣ гуфта мешавад, "гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати сифатнок баргузор намудани вохӯриҳои банақшагирифташуда омодагӣ дида, мавриди баргузории онҳо фаъолона иштирок намоянд".

Ёдрас мешавем, соле пеш низ раиси шаҳри Душанбе дар бораи тарғиби одоби шаҳрнишинӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда буд. Мувофиқи қарори шаҳрдор, ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ, ки намояндагони Ҳукумати шаҳрро дар бар мегирифтанд, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба тарғиби паёми раисҷумҳур, қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар, ва тарғиби қонуни танзим машғул мешуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ