14:52 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Арест, архивное фото

ВУД: 3252 арақи "Шоҳона"-ро бе тамғаи аксизӣ интиқол доданд

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
172 0 0

Як намояндаи ширкати "Шоҳона" ба иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии 3252 нӯшокии спиртии "Шоҳона Ржанная" муттаҳам мешавад. Ӯ бо ин амалаш ба давлат 59 ҳазору 660 сомонӣ зарар расонидааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини шаҳри Гулистон, бо гумони ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда дастгир карда шуд, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки номбурда, аз соли 2012 то инҷониб дар вазифаи намояндаи ҶДММ "Шоҳона"-и вилояти Суғд фаъолият намуда, рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ тавассути автомашинаи тамғаи "Мерседес-Аттеко", аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Конибодом ба миқдори 3252-адад нӯшокиҳои спиртии тамғаи "Шоҳона Ржанная"-ро бе тамғаи аксизӣ интиқол додааст.

Зарари расонидашуда 59 ҳазору 660-сомониро ташкил медиҳад.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 259 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҷинояткорӣ, ВУД, парванда, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ