Сохтмони майдони нишони давлатӣ ва 70 иншоот дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПредседатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочим визитом Джаббор Расуловский район
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода посетил с рабочим визитом Джаббор Расуловский район - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз рафти корҳои сохтмони майдони Нишони давлатии Тоҷикистон ошнот шуд.

Производство на Кайраккумском Ковровом Комбинате - Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони корхонаи нави ресандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Майдони Нишони давлатӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар он бунёди фаввораҳои замонавӣ, гулгашту нишастгоҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия мебошад.

Ба иттилои манбаъ, то ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, давоми соли гузашта 92 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Инчунин, дар соли равон низ дар ноҳия сохтмони 70 иншоот, аз ҷумла чанд корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кориаш ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамчунин аз Беморхонаи физиотерапевтии вилоятии “Ғӯлакандоз”, аз ҷумла шуъбаи модар ва кӯдак, ки аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст, боздид намуд.

Лентаи хабарҳо
0