16:04 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Бинои ВУД Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи "бараҳнасозӣ"-и Кибриё дар идораи милиса

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
840 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иддаои Кибриё Юлдошеваро, ки гуфт ӯро зимни бозпурсӣ дар идораи милисаи ноҳияи Спитамен бараҳна карданд, дурӯғ хонд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, ин иддао комилан дурӯғ буда, “Юлдошева Кибриё  ба хотири аз ҷавобгарии ҷиноятӣ саркашӣ намудан бе ягон далел ба кормандони милитсия тӯҳмат намудааст”.

Ин ниҳод афзудааст, ки Юлдошева Кибриё Аскаралиевна, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати Сарбанд, ҷинояти қаллобиро содир намудааст ва  7 майи соли 2018 нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ба иттилои ВУД нисбати айбдоршаванда забонхат дар бораи аз ҷойи истиқомат нарафтан тартиб дода шудааст, аммо дар марҳилаи судӣ Юлдошева ба додгоҳи ноҳияи Спитамен ҳозир нашудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки 15 январи соли 2019 аз тарафи додгоҳои ноҳияи Спитамен Юлдошева мавриди кофтукоб эълон карда шуд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афзуданд, 24 январи соли 2019 аз ҷониби мақомоти милиса дар ноҳияи Спитамен нисбати Юлдошева парвандаи ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, ӯ дар кофтукоби байналмилалӣ қарор дорад.

“Айни замон барои дастгир намудани ҷустуҷӯшаванда Юлдошева чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд”, - илова намудааст ВУД.

Қаблан Юлдошева дар расонаҳо аз бадрафтории милисаҳо, аз ҷумла бараҳнасозии ӯ дар идораи умури дохилӣ шикоят карда буд. Ӯ ахиран гуфт, дар пайи таъқибу фишор ниҳоят маҷбур шудааст, дар Русия паноҳандагӣ дархост кунад ва феълан дар яке аз марказҳои паноҳҷӯён қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ