12:23 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Фастфуд по-узбекски

Арзон ва дастрас: чаро "фастфуд"- и узбакӣ мақбули сокинони Душанбе шуд?

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
459 0 0

Аввалин қаҳвахонаи узбакӣ дар Душанбе ба сокинон писанд омад: он ҷо нон-кабоби лазиз ё фастфуди узбакӣ омода мекунанд, ки нархаш ҳам дастрас аст

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik, Азамат Шокиров. Вақте аз назди Хонаи нашриёт мегузаштам, дар сари роҳ чашмам ба аввалин фастфуди узбакӣ "Тошкент нон-кабоб", ки ба наздикӣ ба кор даромад, афтод. Ҳисси кунҷкобӣ ва шиками гурусна маро "маҷбур" кард, вориди он шавам.

Муштариён дар қаҳвахона зиёд набуданд, тақрибан шаш нафар. Дар мақоиса бо он талотуме, ки дар рӯзҳои аввали кушодашавии нон-кабоби узбакӣ ба миён омада буд, ин чизе набуд.

Он вақт соҳибони қаҳвахона дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксия эълон карда буданд - ҳар харидор метавонист ба нархи дилхоҳ аз нон-кабоб харидорӣ кунад. Яъне маблағи ба дастомадаро соҳибкорон мехостанд садақа кунанд. Се рӯзе, ки аксия мерафт, дар даромадгоҳи қаҳвахона сокинон навбат мистоданд. Бештари муштариён фикр карданд, ки садақа ба онҳо дахл дорад ва нон -кабоборо  аз 7 то 5 баробар арзон мехариданд. Аммо буданд нафароне, ки пули бештар пардохт карда, мехостанд дар аксия саҳмашонро гузоранд.

Ба гуфтаи коргарони фастфуди узбакӣ қаҳвахона дар як рӯз ба 50-60 муштарӣ хидмат мерасонад.

Хӯроки асосии қаҳвахона, тавре аз  аз номаш маълум аст, нон-кабоб - нону гӯшт мебошад, ки бо тарзи ошпазони тошкандӣ омода шудааст. Чоряки нон 7 сомонӣ ва ними он 14 сомонӣ арзиш дорад.

Ман ҳам чоряки "гамбур"-и узбакиро харидорӣ кардам. Ростӣ, нон-кабоб ба ман маъқул шуд. Нонаш кам бошад ҳам, хело мулоим буд, гӯшти бирёни дохили он низ чунон мулоим буд, ки дар даҳон об мешуд.

"Ман дар наздикии ин қаҳвахона таҳсил мекунам ва барои ҳамин доим барои рафъи гуруснагӣ ба нон-кабобхӯрӣ меоям. Нархаш бошад ба кисаи донишҷӯён мувофиқ аст, ба ин нарх дар Душанбе дар ҷое хӯрок ёфта наметавонӣ", - мегӯяд Муҳиддин.

Дар ҳақақат ба 15 сомонӣ, ки нон-кабоб ва чой медиҳанд,  дар ҷое дар пойтахт наметовон хӯрок хӯрд, ҳатто дар атрофи шаҳр, ин ҷо бошад марказ аст. Атрофи қаҳвахона серодам аст. Ин ҷо марказҳои савдои зиёду иншоотҳои давлатӣ ва муаассисаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд.

Первая точка узбекского фастфуда в Душанбе
© Sputnik
Первая точка узбекского фастфуда в Душанбе

"Дар "Тошкент нон-кабоб" хело бомазза омода мекунанд. Нон ва гӯшташон тоза аст. Ин аз бигмакҳои ҳозира беҳтар аст, зеро намефаҳмӣ, ки гӯшти қиммаашон аз гӯшт аст ё рӯдаву шикамба. Барои ҳамин ман беҳтараш аз ин ҷо харида мехӯрам", - мегӯяд фурӯшандаи мағозаи рӯбарӯи қаҳвахона.

Ба гуфтаи соҳибкори ҷавони тоҷик Илҳом Эргашев -соҳиби фастфуди узбакӣ ба вай дӯстони тошкандиаш пешниҳод карданд, ки ин қаҳвахонаро ташкил кунад. Ба Илҳом 1 моҳ лозим шуд, ки пешниҳодро амалӣ кунад.

Ҳоло соҳибкор мехоҳад, ки доираи хизматрасониашро васеъ кунад: ба наздикӣ қаҳвахона хизматрсонии дастраскуниро роҳандозӣ мекунад. Муштариёни нон-кабоб метавонанд аз ҷойи кор ё хона нишаста хӯроки дӯстдоштаашонро фармоиш диҳанд. Илҳом умед дорад, ки масъулини Душанбе маркази савдои вайро низ дар назар мегиранд ва аз имтиёзҳои андоз барои соҳибкорони кишварҳои ҳамсоя бархурдораш мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ