23:12 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Дорога Душанбе - Худжанд, архивное фото

КҲФ Тоҷикистон: эҳтиёткор бошед бе зарурат сафар накунед

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
261 0 0

Аз аввали соли равон бар асари 110 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар 8 нафар ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Бино бар иттилои манбаъ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои наҷоти дармондагону офатзадагон шабонарӯзӣ дар роҳҳо навбатдорӣ мекунанд. Ин низом дар кулли қаламрави кишвар ба роҳ монда шудааст. 

“Кормандони хадамот  бештар ба роҳҳои мошингард таваҷҷӯҳ мекунанд, то ин роҳҳо ҳамеша барои равуои мошинҳо омода бошанд. Бахусус, ин гуна омодагиҳо дар фасли зимистон, ки роҳҳоро барфтӯдаҳо мебанданд, яхӣ мешаванд, лағзиши тарма ҳаракати мошинҳоро бозмедорад, муҳиманд”, - таъкид намудааст манбаъ.   

Кумита барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қитъаҳои роҳҳои осебпазире чун Майхураи ноҳияи Варзоб, километрҳои 62 ва 72 роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, километри 457 роҳи мошингарди Душанбе-Ванҷ гурӯҳҳои зудамали наҷоти воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита иборат аз 4 то 6 нафар ташкил намудааст.

Инчунин, дар қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингради байналмилалии Душанбе-Лахш-Қарамиқ аз ҳисоби кормандони КҲФ дар минтақаи Рашт якҷо бо аъзои Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Рашт мониторинги ҳолати роҳҳо гузаронида мешавад.

“Гурӯҳҳои зудамали КҲФ, ки ин қитъаҳои роҳҳоро назорат мекунанд, бо техникаи зарурӣ, воситаҳои алоқа таъминанд ва қобилияти расонидаи кумаки аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро низ доранд”,- афзудааст манбаъ. 

Манбаъ иттилоъ додааст, ки то имрӯз аз аввали сол 110 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 8 нафар ҷони худро аз даст додаанд. 

Кумита ҳушдор додааст, ки то 1 феврали соли равон хатари лағзиши тармаву санг вуҷуд дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  бори дигар аз аҳолии кишвар хостааст, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор ва ҳангоми ҳаракат ва сафар дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушёр бошанд.

Кумита аз сокинони хоҳиш намудааст, ки аз сафарҳои безарурат худдорӣ намоянд.

Барчаспҳо:
КҲФ ҶТ, ҳушдори тармафароӣ, резиши тарма, тарма, тармафароӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ