21:14 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Андӯҳи Ёдгор Файзов аз садамаи фоҷиабор дар ноҳияи Дарвоз

© Facebook / Голиб Ниятбеков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хонаводаи ҳалокшудагон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хостааст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар пайи садамаи мудҳиш дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз, ки дар натиҷа нӯҳ тан ҳалок шуданд, ба раиси ноҳия ва наздикони ҳалокшудагон таъзия баён кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти вилоят хабар медиҳад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ аз марги фоҷиавии нӯҳ нафар сокинони ноҳияи Дарвоз дар пайи садамаи нақлиётӣ  сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавадаи ҳалокшудагон, наздикон ва хешу ақрабояшон ҳамдардии самимона изҳор менамояд ва ба эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдгор Файзов ба ҳукумати ноҳияи Дарвоз барои расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ ба хонаводаҳои мусибатзада изҳори миннатдорӣ баён кардааст.

Ёдрас мешавем, шоми 29 январ дар ҳудуди деҳоти Вишхрави ноҳияи Дарвоз дар пайи садама 9 тан ҳалок шуданд.

Бино бар иттилои ВУД, тахминан соатҳои 18:45 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Куканиев Арабшо Аҳмадович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қалайхумб-Хоруғ, дар ҷамоати деҳоти Вишхарв аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ чаппа шудааст. 

Худододов Суҳроб Мамаднабиевичи 41-сола, Маъзамова Бунафша Бороновнаи 44-сола, Маъзамова Маҳина Бороновнаи 29-сола, Абдуллозода Алиҷони Орзӯи 6-сола, Ҷалолова Гуландом Саидраҳмоновнаи 37-сола, Давлатзода Абубакри 7-сола, Давлатзода Нигинаи 6-сола, Давлатзода Усмони 3-сола, Давлатзода Умари 4-сола сокинони деҳаи Курговад ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ