Афғонистон барои интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон кумак хост

© REUTERS \ MOHAMMAD ISMAILАфганские мальчики стоят во время снегопада в Кабуле, Афганистан
Афганские мальчики стоят во время снегопада в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Афғонистон бино бар боришоти зиёд ва номусоидии обу ҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон аз мақомоти ҷумҳурӣ барои интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон кумак хостааст

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Олимзода Насим Хоҷа, вазири тандурустии Тоҷикистон бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустии кишвар.

Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафир дар бораи хатар аз Афғонистон, силоҳи 120 миллион долларӣ ва аҳамияти пойгоҳи 201

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот  сафири  Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш аз вазири тандурустии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки бино бар вазъи мушкил дар минтақаи Бадахшони Афғонистон беморонро ба Бадахшони Тоҷикистон интиқол диҳанд.  

“Соли ҷорӣ бо дарназардошти боришоти зиёд ва номусоидии обу ҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон зарурати интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон ба миён омадааст”, -таъкид намудааст сафири Афғонистон.

Вобаста ба масъалаи мазкур вазири тандурустӣ Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа қайд намуд, ки дар муассисаҳои тандурустии наздисарҳадии ВМКБ-и Тоҷикистон ҳамасола то 30 нафар шаҳрвандони Афғонистон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар доираи Барномаи муштараки байни ВМКБ-и Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз тарафи Хазинаи Оқо Хон дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳаи тиб дар деҳоти наздисарҳадӣ ба шаҳрвандони Афғонистон мунтазам хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Линии электропередачи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба Узбакистону Афғонистон афзоиш ёфт

Инчунин, зимни мулоқот доир ба истифодабарии гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Саидмаъсум Бадахш таъкид намуд, ки соли сипаригашта дар ноҳияи Оби-Гарми Афғонистон нишасти масъулини як қатор вазорату идораҳои дахлдор бо иштироки намояндагиҳои дипломатӣ баргузор гардида, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ дар  соҳаи истифодабарии гиёҳҳои шифобахш иброз намуданд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ аз аввали соли 2019 ба 28 нафар шаҳрванди давлати Исроил ҷарроҳии пайвандсозии гурда анҷом дода шудааст.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки нархномаи ҷарроҳии пайвандсозии гурда дар Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ арзон мебошад ва шаҳрвандони Афғонистон дар ҳолати зарурӣ метавонанд барои гузаронидани ин амалиёт ба Тоҷикистон сафар намоянд.

Ҷавонони афғон дар рӯйи барф медаванд - Sputnik Тоҷикистон
Зимистони Кобул: шодии сокинони Афғонистон аз резиши барфи зиёд

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ бо Афғонистон дар асоси “Созишномаи ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва Вазорати сиҳатии оммаи Афғонистон”, ки соли 2005 ба имзо расидааст, амалӣ мешавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазири тандурустӣ миннатдории худро ба вазири сиҳатии оммаи Афғонистон барои омодагӣ ва дастгирии иштироки мутахассисони варзида дар Конгресси кардиологҳо ва терапевтони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ки 25-26 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, изҳор намуд.

Лентаи хабарҳо
0