22:43 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Строящаяся наземная крытая станция метро, архивное фото

Дар Душанбе "метрои ҳавоӣ" месозанд, дар соли 2040

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
800 0 0

Аввалин хати метрополитен дар Душанбе "ҳавоӣ" мешавад, мегӯянд масъулини шаҳрдории Душанбе

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Аввалин хати метрои ҳавоӣ дар Душанбе дар охири соли 2040 ба кор медарояд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон дар истинод ба шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.

Аввалин хати метрополитен "ҳавоӣ" мешавад ва дарвозаи ҷанубии Душанберо бо Сирки шаҳр пайваст мекунад, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ.

"Феълан коршиносон бунёди метрои зеризаминиро дар пойтахт таҳқиқ мекунанд", - афзудаанд аз шаҳрдорӣ.

Бархе аз сокинони Душанбе пешиниҳод кардаанд, ки аз фурудгоҳи Душанбе то бозори "Корвон" як хати метро ва аз Сирк то маҳаллаи Зарафшон як хати метро бунёд шавад.

Метрои Душанбе севумин метро дар Осиёи Марказӣ мешавад.

Ҳоло дар Тошканд ва Алмаато ба сокинон баробари дигар нақлиёт, метро низ хизматрасонӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ