02:32 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото

Раиси Хуҷанд ба духтари маъюб Меҳрона Атомуллоева дучарха туҳфа кард

© Мэрия города Худжанд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба яке аз тарбиятгирандагони комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобино дучарха туҳфа кард

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба яке аз тарбиятгирандагони комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобино Меҳрона Атомуллоева, ки аз шаҳрдор дучарха дархост карда буд, туҳфа кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дучарха бо мусоидати Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода харидорӣ карда шуда, аз ҷониби мудири маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева ба Меҳрона Атомуллоева супурда шуд.

Меҳрона Атомуллоева шашсола буда, 3 сол инҷониб дар комплекс кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони узви босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд таълиму тарбия мегирад.

Волидайнаш аз оилаҳои камбизоат буда, дар ҷамъияти нобиноёни вилоят кору фаъолият доранд.

Барчаспҳо:
туҳфа, дучархарон, кумак, маъюб, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ