01:25 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Перевозка новых иномарок, архивное фото

Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши беш аз 307,2 миллион доллар худрав ворид кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Фурӯшандаҳои худравҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди афзойиши воридоти худрав дар бозори дохилӣ тақозо кам аст

ДУШАНБЕ, 02 фев – Sputnik. Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши беш аз 307,2 миллион долар худрав ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Ожонси омор.

Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта худравҳои харидшуда ҳудуди 23,4 дарсади ҳаҷми кулли колоҳои аслии воридотии кишвар буд.

Соли 2018 воридоти худравҳо дар муқойиса бо соли 2017 42 дарсад афзойиш ёфт.

Фурӯшандаҳои худравҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди афзойиши воридоти худрав дар бозори дохилӣ тақозо кам аст.

"Бештари худравҳои воридшуда мошинҳои боркаш мебошанд, ки барои ъамалӣ кардани тарҳҳои калон харид шудаанд.
Пеш Тоҷикистон аслан худравҳои корбурдшударо ворид мекард, ки нархи онҳо дар муқойиса бо худравҳои нав хеле арзон мебошад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Кишварҳои Балтика ва Урупо воридкунандагони аслии худрав ба ҶТ мебошанд. Чин дар ворид кардани худравҳои боркаш ва калон ба Тоҷикистон пешгом мебошад.

Тоҷикистон моҳи январи соли гузашта воридоти худравҳои тавлиди пеш аз соли 2005-ро мамнӯъ кард. Ин қонун аз 15 феврали соли 2018 ба иҷро даромад.

Соли гузашта содироти мошинҳо 37 дарсад коҳиш ёфт. Тоҷикистон аз содироти худравҳо 16,3 миллион доллар даромад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ