22:43 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Тележка с продуктами в магазине

Тоҷикистон 15 ширкати тавлиди маводи ғизо ба кор андохт

© Sputnik / Максим Богодвид
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
213 0 0

Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз ширкатҳои нави тавлидотӣ ниёзи худ ба маводди аслии ғизоиро худ таъмин мекунад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Бино ба иттилоъи хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, солҳои охир, ки дар ҶТ ширкатҳои нави тавлидотӣ гушойиш ёфтанд, имкони таъмини бозори дохилӣ бо маводди гӯшт, шир, орд, нон, макарон, намаки ғизоӣ ва фаннӣ, консервҳои меваву сабзавот ва нӯшокиҳо ва машруботро фароҳам оварданд.

Як қисми ин маҳсулот ҳанӯз аз хориҷа ворид мегардад.

Бар асоси додаҳои ин вазорат, соли гузашта 15 ширкату коргоҳи нави тавлидоти маводди ғизоӣ ба кор оғоз карданд. Яке аз калонтарини онҳо ширкати “Анҳор”-и шаҳри Бӯстон мебошад, ки дар як шаборӯз 380 тонна орд тавлид мекунад.

 Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши 4,9 миллиард сомонӣ маводди ғизоӣ тавлид кард, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2017 14 дарсад, ё 597 миллион сомонӣ афзойишро нишон медиҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ