00:09 19 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Строители Рогунской ГЭС

Дар корхонаву иншоотҳои кишвар бар асари 31 ҳодисаи нохуш 20 нафар ба ҳалокат расид

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Дар соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун 6 нафар ҷони худро аз даст дода,7 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Санъат Раҳим, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар соли 2018 дар корхонаву ташкилот ва иншооти гуногуни мавриди сохтмон қарордошта дар маҷмӯъ бар асари 31 ҳодисаи нохуш 20 нафар ҷониби худро аз даст додааст.

Инчунин,  дар корхонаву ташкилот ва иншооти гуногуни мавриди сохтмон қарордошта боз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Санъат Раҳим, ҳамчунин қайд намуд, ки дар майдони сохтмони НБО Роғун бар асари ҳодисаҳои нохуш  талафоти 6 нафар ба қайд гирифта шуд.

“Соли гузашта дар майдони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 6 кас ҳалок ва 7 нафар ҷароҳат бардоштанд”,- таъкид кард вай.

Инчунин қайд карда шуд, ки миёни фавтидагон ду шаҳрванди Чин ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба гуфтаи сардори Хадамот, ҳодисаҳои нохуш дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо сабабҳои гуногун рух дода, асосан бар асари риоя накардани талаботи оддии техникаи бехтарӣ будааст.

Аз ҷумла, вай иброз дошт, ки шаҳрвандони Чин, ба ҳалокат расиданд талаботи техникаи бехатариро ҳангоми истифодаи маводи тарканда зимни корҳо риоя накардаанд.

Барчаспҳо:
ҳалокат, сохтмон, НБО Роғун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ