18:23 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Журналист, архивное фото

Шикоят ба раис: аз ҷудо намудани замин то кумаки моддӣ ва таъмири роҳҳо

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокинони ноҳияро қабул намуда аз шикояту муроҷиати онҳо огоҳ шуда ва барои ҳалли мушкилоти онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад

ДУШАНБЕ, 4 фев - Sputnik. Барои ҳалли саривақтии масъалаҳои пешниҳодшудаи шаҳрвандон ахиран дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Рўзи қабули шаҳрвандон доир баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Бино бар иттилои манбаъ, ба раиси ноҳия 17 нафар шаҳрвандони ба раиси ноҳия, доир ба масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расонидани кӯмак барои сохтмони манзили истиқоматӣ, кӯмак барои табобат, таъмири роҳ ва кӯмаки моддӣ муроҷиатҳои худро баён намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ошноии бештар аз вазъи маҳал ва муаммоҳои ҷойдоштаи шаҳрвандон марҳилаи нави “Рўзҳои қабули шаҳрвандон дар ҷамоатҳо” оғоз гардида, дар ҷамоати деҳоти Чашмасор бо иштироки Раиси ноҳия Зариф Назирӣ ва масъулони мақомоти иҷроияи ноҳия Рўзи қабули шаҳрвандон доир карда шуд.

Барчаспҳо:
шикоят, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ