16:00 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Дар 7 рӯз 4831 ҳолати қоидавайронкунӣ дар роҳҳои Душанбе ошкор шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
85 0 0

Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳолатҳои зиёди қоидавайронкунӣ ошкор шуда, нисбати ронандагон пратаколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев – Sputnik. Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4831 ҳолати қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд иттилоъ додааст дафтари матбуотии ВКД Тоҷикистон.

Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони Шуъбаи БДА Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қоидавайронкуниҳои зиёде дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифта мешавад. Нисбати ронандагон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, ки ба қоннуншиканӣ роҳ медиҳанд чораҳои қонунӣ андешида мешаванд.

Ҳаминтавр дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳамагӣ 4831 ҳолати қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ пратаколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар натиҷаи рейди кормандони БДА чунин ҳолатҳои қоидавайронкуни ба мушоҳида расидаанд:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 6 адад;

-Бе рақами қайди давлатӣ – 19 адад;

-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 2 адад;

-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 136 адад;

-Истифода бурдани телефонии мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 149 адад;

-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 20 адад;

-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт – 23 адад;

-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 63 адад;

-Худсарона баромадан аз хати сайр – 85 адад;

-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 107 адад;

-Вазъияти хавфнок – 6 адад;

-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 366 адад;

-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 973 адад;

-Ба ҷаримагоҳ дастрас карда шуд – 35 адад;

-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо – 2888 адад;

Мавриди зикр аст, ки дағалтарин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ин идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ буда, гарчанде ҷазо барои чунин ронандагон вазнинтар гардидаву кормандони мақомоти милитсия ҷиҳати ошкор ва муайяннамоии чунин афрод тамоми чораҳоро роҳандозӣ намоянд.

Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда низ аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 6 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ронандагони маст инҳо будаанд:

Дадаҷонов Отабек Мамаҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Лексус-RX400, рақами қайди давлатиаш0404 ЕВ 01

Саидаҳматов Вазир Саидҷонович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш С6235Н 01

Маҳмадшоев Ҳавасшо Гулаҳмадович - ронандаи автомашинаи тамғаи Тайота -Камри, рақами қайди давлатиаш 7325 ТТ 05

Тошзода Исломиддини Асҳобиддин - ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-Сиело, рақами қайди давлатиаш С7157Н 01

Ҳикматуллои Шамсулло - ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 8316 ВС 01

Назаров Фарид Ҳайдарқулович - ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-Бенс, рақами қайди давлатиаш 0511РР 01.

Барчаспҳо:
ҷарима, ронанда, БДА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ