Хосияти хуб: Захарова шарҳ дод, ки чӣ гуна ҳайъати Русия Тоҷикистонро хушнуд кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъати Русия ба Душанбе барф овард, ки миёни мардуми ҷумҳурӣ хосияти хуб дорад, таъкид намудааст Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Русия

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.  Ҳайъати русия бо роҳбарии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар Душанбе бо сафари расмӣ ҳузур дорад.

Дар пойтахти Тоҷикистон имрӯз барф борид. Қаблан дар бораи боридани барф обуҳавошиносон хабар дода буданд.

“Ҳайъати Русия ба Душанбе барф овард ва ба ҳамин хотир аз мо самимона сипосгузорӣ карданд – дар инҷо ин хосияти хуб дорад”, навиштааст дар саҳифаи Facebook намоляндаи расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон Мария Захарова.

Сафари расмии Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз маросими гулчамбаргузорӣ ба ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳри Душанбе оғоз шуд.

© © Sputnik / Гарсия РубенМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров возложил цветы к памятнику Исмоилу Сомони в Душанбе
Хосияти хуб: Захарова шарҳ дод, ки чӣ гуна ҳайъати Русия Тоҷикистонро хушнуд кард - Sputnik Тоҷикистон
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров возложил цветы к памятнику Исмоилу Сомони в Душанбе

Сергей Лавров зимни сафари кориаш бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон молоқот анҷом дод. Инчунин вай бо Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикаш низ мулоқот намуд.

Лентаи хабарҳо
0