16:07 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Задержание, архивное фото

На пулро баргардондаанд, на қитъаи замин доданд

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Барои аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо роҳи фиреб ба боварии сокинон даромада, пулҳои онҳоро ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд

ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду ҳодисаи қаллобӣ бо баҳонаи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ошкор намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Дарвоз муроҷиат намудааст, ки рӯзи 18-уми марти соли 2012 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 44-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппа ва писараш, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои аз ноҳияи Рӯдакӣ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиашон сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.

Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 58-солаи сокини ноҳияи Нуробод ворид гардидааст, ки соли 2013 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 46-солаи сокини Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои аз ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 10000 доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
фиреб, замин, раиси ноҳияи Рудакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ