Падари арӯсро барои баргузории "чойгаштак" ба суд доданд

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкУзбекская свадьба, архивное фото
Узбекская свадьба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати Чалғаш Пардаев, як сокини ноҳияи Кушониён - падари арӯс барои ташкили маъракаи ба истилоҳ "чойгаштак" парвандаи маъмурӣ боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гаштааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ноҳияи Кушониён падари арӯсро барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашиданд. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Пардаев Чалғаш Буриевич, сокини ноҳияи Кӯшониён, талаботи моддаи 10, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро вайрон намудааст.

Гуфта мешавад, ӯ 10 ноябри соли 2018 аз соати 19:00 дар манзили истиқоматиаш бо даъвати хешовандон ва ҳамсинфони духтараш Матлуба Пардаева тӯйи арӯсии (чойгаштак)-ро бо додани зиёфат барпо намудааст.

   Рӯзи дигар бошад, 11 ноябр аз соати 10:00 то соати 13:00 бо даъвати ҳамсоягон ва хешовандон, маъракаи тӯйро бо додани таом гузарондааст.

Додситонӣ меафзояд, 4 декабри соли 2018 аз тарафи прокуратураи ноҳияи Кушониён ин ҳолат ошкор карда шуда, нисбати Ҷ. Пардаев бо моддаи 481 қимси 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Бо қарори суди ноҳияи Кушониён Ҷ.Б. Пардаев ҷарима карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0