23:46 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Водитель за рулем автомобиля, архивное фото

Мошиндуздӣ дар Душанбе: мошинро рабуду ба дарвоза бархӯрд

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Дар Душанбе як ҷавони 26-сола ба иттиҳоми мошиндуздӣ дастгир шудааст. Ӯ худрави "Ниссан"-и як сокини пойтахтро дар ҳолати мастӣ рабуда, ба дарвозае бархӯрдааст

ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Раёсати вазорати умури дохилаи Душанбе хабар медиҳад, ки дар пойтахт ҷавоне дар ҳолати мастӣ мошини як сокини шаҳрро рабуда, сипас ба дарвозаи манзили сокини дигар бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Синоро бо гумони рабудани автомобил дастгир намуданд. 

  Номбурда, рӯзи 27-уми январи соли 2019, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар кӯчаи Роҳи Нави пойтахт дар ҳолати мастӣ автомашинаи тамғаи “Ниссан”-ро, ки ба марди 30-солаи сокини кӯчаи Р.Набиев тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ савор шуда, ба дарвозаи ҳавлии истиқоматӣ дар кӯчаи Роҳи Нав бархӯрда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

  Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ