20:14 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Наворбардорон ҳангоми сабт,

Кадом 1-у кадом 2: раиси Кумита назари тоҷикистониёнро дар мавриди телевизион гуфт

© Правительство Кыргызской республики
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон моҳҳои май-июл ва ноябр-декабри соли 2018 назарсанҷӣ гузаронда, шабакаҳои телевизион ва радиоро раддабандӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар ин ду назарсанҷӣ шабакаи “Телевизиони Тоҷикистон” мутаносибан бо гирифтани 83,7 ва 84 фоизи овозҳо мақоми аввалро гирифт.

“Муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ҷойи дуюм ва “Баҳористон” ҷойи сеюмро касб кардаанд”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Шоҳиён.

Ба иттилои Шоҳиён, феълан Кумитаи таҳти идорааш бо 15 давлат созишномаи ҳамкорӣ дошта, соли 2018 ҳамкории худро бо вазорату идораҳои ҳамтои худ дар кишварҳои хориҷӣ густариш дод.

Ӯ аз ҷумла имзои созишномаю ёддоштҳоро бо мақомоти дахлдори Қирғизистон, Покистон, Озарбойҷон ва Узбакистон зикр кард.

Барчаспҳо:
натоиҷи назарсанҷӣ, назарсанҷӣ, раддабандӣ, озмун, телевизион, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ