16:22 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Конверт с деньгами, архивное фото

Мақомоти Конибодом ба 8660 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ кӯмак расондааст

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
319 0 0

Мақомоти шаҳри Конибодом барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида, ба оилаҳои эҳтиёҷманд ва шахсони яккаву танҳо мунтазам кӯмакҳои моддӣ расонидааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Зафарбек Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом, зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки Дар соли гузашта 3378 оилаи камбизоат аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шудаанд, ки ба онҳо 946 ҳазор сомонӣ маблағ дода шудааст.

 “Дар соли гузашта 3378 оилаи камбизоат аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шудаанд, ки ба онҳо 946 ҳазор сомонӣ маблағ  ба воситаи оҷонсиҳои шуъбаи №30-и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар шаҳри Конибодом дастрас карда шуд”, - таъкид намудааст Давлатзода.

Вай инчунин афзуд, ки соли 2018 дар маҷмуъ аз тарафи ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва сарпарастон ба 8660 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи 700 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шуд ва минбаъд низ ҳамаи эҳтиёҷмандон ба ғамхории доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Зафарбек Давлатзода, ҳамчунон қайд намуд, ки дар ҳудуди шаҳр Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон ва пиронсолон, Маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд – “Орзу”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” фаъолият мебаранд.

“Шумораи бошандагони муваққатии рӯзона дар муассисаҳои мазкур 59 нафар буда, таъминоти онҳо бо маводҳои зарурӣ зери назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад”,- гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом.

Барчаспҳо:
эҳтиёҷмандон, оилаҳои камбизоат, мақомот, кумаки молӣ, Конибодом, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ