Обу ҳаво: шабона дар ВМКБ то 30 дараҷа, Суғд то 17 ва Хатлон 9 дараҷа сард мешавад

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва  рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  25-30 ва рӯзона 11-16  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17  ва рӯзона 0-5  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи  бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона аз 3-8 то 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 9-14 дараҷа сард шуда, ҳарорат   рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо  шабона 10-15 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0