23:38 18 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
ВАЗ-2106, архивное фото

БДА: Файзиниссо Ҳасанова бо мошини ВАЗ 2106 120 маротиба ҷаримагурезӣ кард

© Фото: Сайт Drive2
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
49500

Бозрасии давлатии автомоблии Вазорати умури дохилаи Торҷикистон рӯйхати ронандаҳои ҷаримагурезро мунташир кард

ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik.  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст.

Бино ба иттилои равобити умумии ин ниҳод,  рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Дар ин рӯйхат исми 166 ронанда, аз ҷумла шаш зани ронанда низ дида мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон карда, аз пардохти ҷарима сарпечӣ кардаанд.

Ҳамин тавр, БДА ба Файзиниссо Ҳасанова, сокини шаҳри Душанбе, ронандаи ВАЗ 2106 ҳушдор додааст, ки маблағи 120 ҷаримаро пардохт кунад. Бо ин нишондод қонуншикании зани ронанда дар ин рӯйхат бесобиқа аст.

Ронандаи ширкати Эйшн Экпресс низ дар ин феҳрист пешқадам аст. Киа-Оптимаи ширкат 90 маротиба ҷаримагурезӣ кардааст.

Бо рӯйхати пурра метавон аз вебгоҳи ВУД шинос шуд. БДА ба ронандагони ҷаримагурез ҳушдор медиҳад, ки ҷаримаро пардохт кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ