Вазорат: ҳеҷ вақт ба ташхиси бакорат дастур надодаем ва намедиҳем

© Пресс-служба президента РТОлимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото
Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ дар бораи ташхиси бакорати духтарон пеш аз тӯйи арӯсӣ дастур надодааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Насим Олимзода вазири тандурустии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки вазорат ҳеҷ гоҳ дастур надодааст, бакорати арӯсонро ташхис кунанд.

Дар ҳамин ҳол вай афзудааст, ки шояд чанд ҳолати истисно бо дархости мақомоти таштифотӣ ба миён омада бошад.

Пештар СММ аз Тоҷикистон дархост карда буд, ки ташхиси бакорати арӯсон манъ карда шавад. Гуфта мешуд, ки ташхис дарднок ва таҳқиромез аст ва ягон зарурати тиббие ба он нест.

Чунин як ташхис дар кишварҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Индонизея ва Миср таҷриба мешудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон соли 2016 ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид кард, ки  мувофиқи он духтарон пеш аз издивоҷ бояд ташхиси тиббӣ гузуранд.

Лентаи хабарҳо
0