Ҳаракати автобусҳои АКИА дар хатсайри №4 ва манъи микроавтобусҳо

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе аз сокинон ва меҳмонони пойтахт хоҳиш намудааст, ки аз хизматрасонии хатсайри автобусии №4 (Терминали Шарқ-Транс — ҶДММ “Маром”) истифода баранд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки шурӯъ аз имрӯз, 11 феврал дар хатсайри №4 (маҳаллаи Чиноро-маҳаллаи Пролетар) фаъолияти микроавтобусҳо манъ карда шуда, хизматрасонӣ тариқи автобусҳои тамғаи АКИА ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора  дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳандозии хатсайри нави автобус дар шаҳри Хуҷанд

Бино бар иттилои манбаъ, иқдом мазкур бо мақсади кам намудани шиддати ҳаракат, танбашавии воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии шаҳр ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон роҳандозӣ гардидааст.

Автобусҳои тамғаи AKIA дорои 26 ҷойи нишаст буда,  таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар  автобусҳо бартарӣ доранд.

Ёдрас мешавем, ки 31 январи соли равон муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарногорон таъкид намуда буд, ки бо мақсади навсозии парки нақлиёти мусофирбарии пойтахт ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ давоми ду сол 268 автобуси замонавӣ харидорӣ ва мавриди истифодаи сокинони шаҳр қарор дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол бояд қайд намуд, ки миёни шаҳрдории Душанбе ва Ширкати “AKIA”-и Туркия барои харидории  автобусҳо бо дарназардошти бандубасти он дар ҳудуди Тоҷикистон шартнома ба имзо расида  буд. Дар асоси ин шартнома  марҳила ба марҳила  ба шаҳри Душанбе  автобусҳои ширкати мазкур  ворид гардиданд, ки алҳол онҳо  дар роҳҳои шаҳр ҳаракат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0