15:01 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Российский рубль. Архивное фото

Хонафӯруши қалбакӣ дастгир шуд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
314 0 0

Кормандони милитсияи шаҳри Конибодом марди 32 солаи сокини ҳамин шаҳрро дастгир намуданд, ки бо гумони қалобӣ дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ марди 32-солаи сокини шаҳри Конибодомро бо гумони қаллобӣ дастгир намуданд. 

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда, рӯзи 2-юми декабри соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 48-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи он, ки хонаи истиқоматиашро ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ менамояд, аз вай 130 000-рубли русӣ ва 4000-доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Кормандони милитсия Конибодом нисбати марди 32 сола парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишотро идома доранд.

Барчаспҳо:
қалбакӣ, қаллобӣ, хариду фурӯш, фурӯш, Конибодом, хона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ