15:13 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Следственный изолятор. Архивное фото

"Дар зиндони Хуҷанд, ки ошӯб сар зад, кормандонаш порагирӣ мекарданд"

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
749 0 0

Ожонси зидди фасод тамоми далелҳои ришваситониро дар зиндон ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 12 фев - Sputnik. Бархе аз кормандони Зиндони рақами 3 шаҳри Хуҷанд, ки шаби 8 ноябри соли гузашта дар он ошӯб сар зуд, даст ба ришваситонӣ мезаданд.

Дар ин бора, имрӯз 12 феврал роҳбари Сарраёсати мубориза бо фасоди ожонс Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар додааст.

Ӯ аз шарҳи бештари амали ғайриқонунии кормандони зиндон худдорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, далелҳои ришваситонии кормандон ба Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол гардидаст.

Ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд шаби 7-ум ба 8-уми ноябри соли равон сар зада буд.

Ҳангоми ошӯб ду корманди зиндон кушта, 5 посбон бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона фиристода шуда буданд.

 Вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин қайд карда буд, ки ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта баъд аз ошӯб дар зиндони Хуҷанд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, генерал Изатулло Шарифзодаро аз мақоми сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия барканор карда, ба ҷояш Умаров Мансурҷон Ғаффорович, собиқ ноиби аввали раиси КДАМ-ро таъйин кард.

Инчунин ахиран хабар дода шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса 7 корманди маҳбас бо шумули сардори он Файзулло Сафарзода ва сардори бахши низомии зиндон Фарҳод Садировро боздошт карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ