Дар Тоҷикистон ширкати узбакии Artel ифтитоҳ мешавад

© © ПРЕСС-СЛУЖБА ПРЕЗИДЕНТА УЗБЕКИСТАНАНа заводе компании "Artel"
На заводе компании Artel  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масолеҳи Artel чанд сол мешавад, ки дар бозори Тоҷикистон низ ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ширкати узбакии Artel барои истеҳсоли яхдон ифтитоҳ мешавад, хабар дод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода.

Вай афзуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Узбакистон ба сатҳи нав баромадааст: соли гузашта сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон 644,5 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд, ки аз он 5,4 миллион доллараш ба сармоягузорони узбакистонӣ рост меояд.

Сармояи Узбакистон ба рушди хоҷагии қишлоқ, паррандапарварӣ ва боғпараварӣ равона карда шудааст.

"Феълан, масъалаи ифтитоҳи коргоҳи Artel барои истеҳсоли яхдон дар Душанбе баррасӣ мешавад", - изҳор дошт вай.

Ҳамрализода ёдрас шуд, ки маҳсулоти ширкати мазкур чанд сол аст, ки дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон коргоҳи бофандагии нав ба кор медарояд. Барои коргоҳи мазкур масолеҳи хом аз Узбакистон ворид карда мешавад. Дар бозори "Хоҷӣ Шариф"-и Бохтар бошад, маркази соҳибкорони узбакистонӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0