14:55 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Барфрезии шадид, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоид дар Тоҷикистон ва тармаҳо

© Sputnik / Григорий Сысоев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
386 0 0

Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, то 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ҳукмфармо хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, дар навоҳии Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ борону барфрезии шадид дар назар аст.

“Рӯзҳои 13-16 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари лағзиши тарма меафзояд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намудааст, ки то ҳадди имкон аз сафар тариқи роҳҳои куҳӣ худдорӣ намоянд.

Ба сокинони навоҳии куҳӣ маслиҳат дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба чарогоҳҳо, шикор, ҷамъоварии ҳезум, молчаронӣ ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар хитоб ба ронандагон таъкид шудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва фосилаи бехатариро риоя намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ