Боздошти 4 шикорчӣ дар дараи Ромит

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкДикий кабан. Архивное фото
Дикий кабан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 4 шикорчӣ дар дараи Ромит хабар дод, ки дар шикори ғайриқонунии хуки ёбоӣ гунаҳкор мешаванд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Маъмурини милиса дар умури экология Шуҳрат Табаров, сокини 38-солаи шаҳри Ваҳдат, Раҳмоналӣ Тоирови 29-сола, Баҳрулло Тоирови 32-сола ва Диловар Гулови 31-сола, сокинони шаҳри Норакро бо иттиҳоми шикори ғайриқонунӣ дастгир кардаанд.

Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дуздӣ ҳангоми намози пешин дар масҷиди Хуҷанд

Тибқи иттилои ВУД, номбурдагон дар мавзеи деҳаи Ёсии дараи Ромит ба шикори ғайриқонунии хуки ёбоӣ машғул шуда, аз онҳо 6 сар хуки ёбоии шикоркардашуда дарёфт ва гирифта шуд.

Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зарари ба табиат расонидашударо  6600 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0