15:22 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Председатель Таможенного Комитета РТ Хуршед Каримзода

Мушкилӣ дар марз бо Қирғизистон: шарҳи Каримзода дар бораи воридоти бозичаҳои пастсифат

© ТАМОЖЕННАЯ СЛУЖБА ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
466 0 0

Ба гуфтаи раиси Кумитаи гумрук, воридоти бозичаҳои пастсифат аз ҷониби кумита шадидан назорат мешавад. Дар соли 2018 кормандони гумрук аз фурӯш 26 ҳазор бозичаи пастсифатро берун кардаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон Хуршед Каримзода дар рафти нишасти матбуотӣ роҳҳо воридоти бозичаҳои пастсифатро ба Тоҷикистон шарҳ дода, афзуд, ки имрӯзҳо шумораи чунин бозичаҳо коҳиш ёфта, зери назорати шадиди кумита қарор гирифтааст.

"Имрӯзҳо воридоти бозичаҳои пастсифат ба бозорҳо бисёр мушкил аст, зеро он зери назорати гумрук меистад ва дар бозор низ мунтазам корҳои назоратӣ бурда мешавад", - мегӯяд вай.

Каримзода афзуд, ки воридоти бозичаҳо пурра манъ карда нашудааст,аммо бозичаҳои пастсифат тариқи қочоқ вориди Тоҷикистон мешаванд.

Ба гуфтаи вай, қисме аз марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон беназорат мемонад ва "шояд бозичаҳо ҳам тариқи қочоқ ба ин восита вуруди кишвар шаванд".

"Лекин дар дигар ҳолатҳона ҳамаи бозичаҳои фурӯшӣ бесифатанд. Барои он ки соҳибкорон ҳуҷҷатҳои заруриро доранд ва зери назорат ҳастанд.  Фурӯши колои пастсифат мушкил гардидааст", - таъкид мекунад раиси кумита.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта 26 ҳазор бозичаи пастсифат аз фурӯш берун карда шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ