19:50 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото

Сангрезиш ва барфи шадид: роҳҳои Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Хуҷанд масдуд мемонанд

© Sputnik / Денис Абрамов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
555 0 0

Барои тоза кардани роҳҳо ва бартарафсозии оқибатҳои тарма ва сангрезиш хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти роҳи ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) техникаи махсус ҷудо кардаанд ва кор дар ин самт идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои мошингарди "Душанбе-Чаноқ" ва "Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз" муваққатан баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  15-16 феврал дар аксар минтақаҳои кӯҳии мамлакат бориши шадиди барф дар назар аст. Ҳамзамон бо ин хавфи лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ таҳдид мекунад.

"Дар натиҷаи бориши барф дар роҳҳои  "Душанбе -Лахш", "Хоруғ-Ишкошим", "Хоруғ — Мурғоб", инчунин дар ағбаи "Қизил-Арт" ҳаракати мошинҳо мушкил шудааст. Бо мақсади таъмини бехатарии сокинон роҳҳои "Душанбе- Чаноқ" ва "Шамсиддин Шоҳин-Дарвоз" муваққатан баста шуданд",- афзудааст КҲФ.

Кумита ба маълумоти шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 52, 57, 59, 61 ва 72-и роҳи мошингарди "Душанбе-Чаноқ" лағжиши тарма ба қайд гирифта шуд. Дар километри 362-юми роҳи мошингарди "Душанбе-Хоруғ", дар наздикии деҳаи Сангеви ноҳияи Дарвози ВМКБ  резиши санг ба амал омад.

Барои тоза кардани роҳҳо ва бартарафсозии оқибатҳои тарма ва сангрезиш хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти роҳи ширкати  “Innovative  Road Solutions” (IRS) техникаи махсус ҷудо кардаанд ва кор дар ин самт идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ