22:11 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото

Пинҳонкунии андозҳо ба миқдори 722 миллион сомонӣ ошкор шуданд

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
175 0 0

Соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод намуданд, 18 ҳазору 850 адад зиёд аст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Айни ҳол 78 ҳазору 400 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ  пешниҳод намудаанд ва дар ин самт чораҷӯиҳо идома доранд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”. 

Соли гузашта тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба фаъолияти 1850 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷа ба маблағи 722 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмўъ 704 млн. сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд.

“Дар ин давра дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 4500 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ, зиёда аз 3500 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя, 900 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор карда шуда, ба қайд гирифта шуданд”,- зикр намудааст раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода.

Ба гуфтаи ӯ дар маҷмӯъ зимни анҷом додани корҳои назоратӣ зиёда аз 25 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор гардиданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи 208,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба буҷаи ҷумҳурӣ 162 млн. сомонӣ маблағ ворид карда шуд.

Барчаспҳо:
ошкоро, маблағ, Кумитаи андоз, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ