07:06 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Саидиброҳими Назар, собиқ фаъоли сиёсӣ, узви пешини раёсати Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ

Саидиброҳими Назар дар бораи бозгашти худ, Гадоев, Паймони миллӣ ва тарси зиндон

Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1475 0 0

Саидиброҳими Назар, аз ҷумлаи собиқ мухолифини аршади Ҳукумати Тоҷикистон, ки қаблан аз хориҷ ба Ватан баргашт, дар бораи бозгашти Шарофиддин Гадоев, Паймони миллӣ ва солҳои зиндагияш дар хориҷ аз Ватан суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Саидиброҳими Назар имрӯз дар суҳбат бо корманди Sputnik Тоҷикистон дар Душанбе гуфта, ӯ аз моҳи сентябри соли 2015, қабл аз ҳаводиси он моҳ то ноябри 2017 дар хориҷ буд.

Ӯ изҳор дошт, ки шароиташ бад набуд, аммо хориҷи кишварро барои нафаре, ки синнаш рафтаасту бемор аст, ҷои муносиб надонист ва тасмим гирифт ба Тоҷикистон баргардад.  Саидиброҳими Назар гуфт, тайи ин муддат дар Русия, Эрон, Туркия ва Аврупо қарор дошт, аммо ниҳоят тасмим гирифта буд, ба Ватан баргардад, чун ҷавон несту тавони коре ҳам надошт.

“Ин бегоҳ фаҳмидам, ки Шарофиддин Гадоев баргаштааст. Аз диди ман иқдоми хуб кардааст. Ҳарчанде ки мемонд, билохира ё бармегашт, ё дар як ҳолати ногувор гирифтор мешуд. Омаданашро мусбат арзёбӣ мекунам, Худо хоҳад ояндааш ҳам мусбат шавад дар ин ҷо”, - изҳори умед кард Саидиброҳими Назар.

Ба суол дар мавриди эҳтимоли баргаштани афроди дигар Саидиброҳими Назар гуфт, беҳтараш дар бораи худ суҳбат кунад.

“Ман дар бораи шахси худ метавонам, гап занам. Як солу 4-5 моҳ дар ин ҷо ҳастам. Шукри Худо, тақрибан гӯем, мушкил надорем, баъзе мушкилоти ҷузъие, ки буданд, наметавонем гӯем, ки мушкиланд. То имрӯз оромем, дар хона зиндагӣ карда истодаем. Ягон мушкиле хосе аз назари амниятию иҷтимоӣ надорам. Ҳозир аз намоз омадам”, - афзуд ӯ.

Саидиброҳими Назар тавзеҳ дод, вақте баргашта буд, нерӯҳои амниятӣ ба ӯ изҳор доштанд, ки агар худат намеомадию дастгир карда меовардем, мушкилотат зиёд мебуд.

Дар мавриди мухолифини дигар, ки бисёрашон дар Аврупо ҷой гирифтаанд, Саидиброҳими Назар гуфт, агар шароиташон хуб истодан гиранд, кори онҳост, аммо истоданашон агар танҳо ба далели амниятӣ бошад, беҳтараш баргарданд.

“Аммо агар танҳо ба хотири амниятӣ истода бошанд, беҳтараш пешакӣ ҳамоҳанг карда, баргарданд. Аз мисоли худам гап мезанам, ки ман мушкиле надоштам, умед дорам бачаҳое, ки меоянд мушкил надошта бошанд”, - изҳори умед кард оқои Назар.   

Саидиброҳими Назар яке аз сабабҳои барнагаштани бархе аз мухолифинро нобоварӣ хонд, чун метрасанд, ки зиндонӣ мешаванд ва афзуд шояд нафаре чунин таҷриба доштааст ва дигарон низ метарсанд.

“Аммо бозгашти афроде монанди Шарофиддин Гадоев метавонад ибрат шавад ва бачаҳое, ки тарс доранд, ки дар пайи ин таҷрибаҳо баргарданд”, - изҳор дошт Назар.

Ба суол дар бораи Паймони миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби гуруҳҳои мухолифи Ҳукумат дар хориҷ ташкил шудааст, Саидиброҳими Назар гуфт, ба далели саломатӣ қасдан аз ин масъалаҳо ва интернет худро канор мегирад.

“Фақат шунидам, ки Паймони миллӣ ташкил шудааст, маълумоти ҷузъӣ надорам. Аммо фикр мекунам, ин хел ташкилотҳо нуфузе дошта наметавонанд, чун аз дуранд. Онҳо на барои бачаҳое, ки онро ташкил мекунанд ва на миллат фоида надоранд. Беҳтараш ватанро обод кунем”, - гуфт ӯ.

Дар бораи ҳаводиси солҳои охири Тоҷикистон, гуфт бо вуҷуди мушкилот дар кишвар, ки дар ҳама ҷо ҳастанд ва набояд инкор кард, пешравиҳои хуб ҳам ҳастанд. Ӯ аз ҷумла нерӯгоҳи "Роғун“-ро мисол овард, ки барои ояндаи Тоҷикистон ва мавқеи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсири мусбат дорад.

Вай таъкид намуд, ки аз фаъолияти сиёсӣ канор рафтааст ва бо гуруҳҳои сиёсӣ алоқа ҳам надорад, намехоҳад ба сиёсат дахл кунад, чун мехоҳад ҳамчун шаҳрванди оддӣ зиндагӣ кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ