17:05 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок

Эълони озмуни суруди сарбоз дар Хуҷанд

© минобороны Узбекистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Мақомоти шаҳри Хуҷанд бахшида ба 26-умин солгарди таъсисёбии артиши Тоҷикистон озмуни “Суруди сарбоз” эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Суруди сарбоз-2019” баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни мазкур ба масъулини дахлдор дастур додааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳадаф аз баргузор намудани озмуни “Суруди сарбоз-2019” ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастии ҷавонон, худогоҳии ҷавонону аскарон, ҳавасмандгардонии сарбозони қисмҳои низомӣ ва бо ҳамин васила дур намудани онҳо аз корҳои номатлуб мебошад.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, сарбоз, артиш, озмун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ