Азим Иброҳим аз рафти сохтмони як чанд корхонаҳои шаҳри Душанбе интиқод кард

© пресс-служба президента РТСтроительство спортивного объекта в Душанбе
Строительство спортивного объекта в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон ҷараёни корҳои сохтмонӣ чандин корхонаҳои муоссир идома дорад. Азим Иброҳим, муовини Сарвазири кишвар аз рафти сохтмони иншоотҳои гуногун ҳамроҳ бо масъулини шаҳрджорӣ ошно шуд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо масъулини шаҳрдории  Душанбе аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти саноатӣ, маҷмааи варзишию ҳавзи шиноварӣ ва теннис, ки дар шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, дидан намуд.

Строители Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон сохтмони 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро баррасӣ дорад

Бино бар иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар пойтахт сохтмони корхонаи оби ошомидании “Сиёма” босуръат идома дошта, қарор аст, дар моҳи июни соли равон қисмати оби ошомиданӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 тонна/соат барои истифода дода мешавад Ба истифода додани хати шароббарории ин корхона  давоми соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Сипас муовини сарвазир аз рафти сохтмони комплекси варзишии теннису шиноварӣ ошно шуд.

Корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва насбу васлкунии таҷҳизот дар комплекси варзишии теннису шиноварӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи нақша, ба истифода додани ин маҷмаа моҳҳои июл-августи соли равон пешбинӣ гардидааст.

Дар корхонаи муштараки ширкати “Авесто-групп” бо ширкати “Артел”-и Узбакистон низ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Соли равон ба истифода додани ду хатти истеҳсоли чангкашак ва яхдон ба нақша гирифта шудааст.

Дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “АКIA-AVESTO” доир ба васлу насб ва истеҳсоли автобусҳои мусофиркаш машғул мешавад, мутахассисони туркӣ ва маҳаллӣ дар якҷоягӣ фаъолият мекунанд. Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида, айни замон фаъолияти корхона дар робита ба иҷрои фармоишҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тавсеа бахшидан ба фаъолияти минбаъда паҳлуҳои дигари ҳамкорӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.

В Душанбе представлены новые автобусы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати автобусҳои АКИА дар хатсайри №4 ва манъи микроавтобусҳо

Ёдрас мешавем, ки автобуси аввал ҷамъу васл гардида, барои мусофиркашонӣ дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе равона мегардад.

Ҳамчунин муовини Сарвазир аз минтақаи саноатии шаҳри Душанбе низ дидан намуд. Мушоҳидаҳо собит сохтанд, ки гарчанде корҳои сохтмонӣ дар ҳамаи корхонаҳои бунёдшаванда асосан оғоз шуда бошанд ҳам, аммо на дар ҳамаи онҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.

Вобаста ба ин муовини Сарвазир ба масъулини ширкатҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ тақвият бахшида, ҷиҳати сари вақт ба истифода додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини Сарвазир махсус зикр намуд, ки аксари маҳсулоти саноатие, ки истеҳсоли онҳо дар корхонаҳои саноатии дар ҳудуди пойтахт бунёдшаванда ба нақша гирифта шудаанд, маҳсулоти воридотивазкунанда мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0