10:39 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Работа завода ОАО Спасскцемент

Тоҷикистон дар як моҳ 197,1 ҳазор тонна семент тавлид кардааст

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Дар Тоҷикистон 14 ширкати сементбарори фаъолият мекунанд, ки зарфияти кулли онҳо 5 миллион тонна сементро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 197,1 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 16,1 ҳазор тонна афзоишро нишон медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, дар кишвар 14 ширкат семент тавлид мекунанд ва зарфияти кулли онҳо 5 миллион тонна семент мебошад.

Бар асоси додаҳои манбаъ, 36,1 дарсади семент, ки дар моҳи январ тавлид шуд, саҳми ширкати “Чунгтай Моҳир семент”- и воқеъ дар ноҳияи Ёвон мебошад.

Ширкати “Хуаксин Ғаюр Суғдсимон” (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) 28,3 дарсад, ширкати “Хуаксин Габр симон” (Ёвон) 16,6 дарсад ва ширкати “Симони тоҷик” 7,8 дарсади сементи моҳи январро тавлид кард.

Тоҷикистон дар ин моҳ ба Узбакистон 51,8 ҳазор тонна, ба Афғонистон 29,3 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 6,1 ҳазор тонна семент содир кардааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 3 миллиону 844,2 ҳазор тонна семент тавлид шуд, ки ин шумор дар муқоиса бо соли 2017, 23,3 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

 

Барчаспҳо:
истеҳсол, тавлид, семент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ