Обуҳавошиносон: боридани барфу борон ва ҳавои сард дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкАвтомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии буҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, рӯзона борон меборад. Дар охири рӯз борон ба барф табдил меёбад. Ҳаво шабона 3-5  ва   рӯзона 7-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришот шиддат меёбад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва  рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар  кӯҳҳо  шабона 1-6 ва баъзан то 10-12 дараҷа сард шуда,  рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3  дараҷа гарм мешавад.

Снегопад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок  дар назар буда, дар ғарби вилоят барфи кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои абрноки бебориш  дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  15-20 ва рӯзона 3-8  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Ҳаво  дар водиҳо шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард  шуда,  рӯзона  ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо боридани борон дар назар аст.  Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7  ва рӯзона 7-12  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм  мешавад.

Лентаи хабарҳо
0