17:53 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Конверт с деньгами, архивное фото

"Ҳазор сомонӣ деҳ соҳиби ному насаби нав мешавӣ"

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97601

Аз тарафи кормандони милитсия мутахассис-коргузори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир шуд, ки бар ивази 1000 сомонӣ ваъда додааст ному насаб сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандозиро иваз намояд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов марди 28-солаи сокини деҳаи Ӯзбек-қишлоқи ноҳияи мазкур, мутахассис-коргузори сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда барои ивази ному насаб аз марди 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ҳамин ноҳия маблағи 1000-сомонӣ талаб намудааст.

“Санаи 19-уми феврали соли равон, тахминан соати 10:00-дақиқа, номбурда ҳангоми гирифтани маблағи 1000-сомонӣ дар ҳудуди бинои САҲШ-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд”, -таъкид намудааст манбаъ.

Кормандони милитсия Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
иваз, ному насаб, сомонӣ, ҷиноят, дастгиршавӣ, дастгир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ