22:26 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото

ВУД: бознишастае ба телефонӣ боварӣ занг зада, аз Раҳимзода сипосгузорӣ кард

© Фото: МВД Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
804 0 0

Марди бознишаста, ки собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ будааст, гуфтааст, ки вазир дар як сол бо собиқадорон ду-се маротиба вохӯрда, аз аҳволи онҳо пурсон мешавад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки марди нафақахӯре ба телефони боварии вазорат занг зада, аз вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳори сипосгузорӣ кардааст.

Манбаъ менависад Шарифбек Абӯеви 83-сола  гуфтааст, ки вазир бо собиқадорон соле ду-са маротиба вохӯрда, аз аҳвол ва зиндагии онҳо пурсон мешавад.

"ин ҳама ғамхориҳо ҳамчунин шахсан Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода пайваста собиқадорони милитсияро бо тӯҳфаҳои пуливу молӣ ва роҳхат ба осоишгоҳҳои овозадори кишвар ба монанди "Баҳористон", "Хоҷаобигарм" ва "Садбарг" қадрдонӣ менамояд", - омадааст дар гузориши ВУД.

Пештар дар рафти нишасти матбуотӣ Раҳимзода фурсати шеърнависиашро тавзеҳ дода буд.

Ӯ гуфта буд, ки "баъди соати 8-9 ҳар чизе лозим бошад менависам, пешниҳод мекунам".

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки бо тахаллуси шоирии Ниҳонӣ шинохта шудааст. Пештар чанд шеъри вай, аз ҷумла "Модар фаришта буд", дар пайравии шеъри Озар Салим расонаӣ шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ